СЕМЕНТИ ТОҶИК ДОРОИ «ШАҲОДАТИ СТАНДАРТИ ҶАҲОНӣ» ГАРДИД

Сентябрь 28, 2009 15:08

                  Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж маросими тантанавии супоридани «Ҷоизаи байналмилалӣ барои сифат BID» баргузор гардид.                   Котиби матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Сӯҳроб Мирзоалиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиксемент»-и Тоҷикистон дар баробари корхонаҳои саноатии Испания, Португалия, Канада, Мексика, Ҳиндустон ва Эрон сазовори ҷоизаи BID – «Самтҳои ташаббуси фаъолият» — «Шаҳодати стандарти ҷаҳонӣ» гардид.                   Ҷоизаи мазкурро дар шароити тантанавӣ, ки намояндагони беш аз 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ширкат доштанд, президенти BID – «Самтҳои ташаббуси фаъолият» Хосе Приетто ба намояндаи Ҳукумати ҶТ – сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Саймӯмин Ятимов супорид.                   Зимни суханронӣ Хосе Приетто таъқид кард, ки новобаста ба бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи рушд ва инкишоф ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад. Ба ҷоизаи «Шаҳодати стандарти ҷаҳонӣ» ноил гаштани ҶСШК «Тоҷиксемент» эътирофи ин корхонаи бузурги Тоҷикистон аз ҷониби экспертҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва нишонаи фаъолияти пурсамари роҳбарияти Тоҷикистон дар самти ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ кунонидани маҳсулоти дохилии мамлакат мебошад.                   С. Ятимов дар нутқи худ зикр кард, ки дар тӯли фаъолияти қариб шастсолааш маҳсулоти корхонаи «Тоҷиксемент» дар бунёди бузургтарин иншооти Осиёи Миёна, бахусус НБО «Норак», нақбҳои обтаъминкунӣ, иншооти гидротехникӣ, пул, роҳ, коммуникатсия ва амсоли инҳо истифода шудааст, ки имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои манфиати кишварҳои минтақа ва берун аз он хизмати босазоро ба ҷо меорад. 

Сентябрь 28, 2009 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт