ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ЧАРО АЗ ЭРОН ХОРИҶ ГАРДИДАНД?

Сентябрь 3, 2009 09:35

                Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон хориҷ карда шуданд, ки аз онҳо 12 нафарашро донишҷӯёни мадрасаи динии шаҳри Зоҳидони музофоти Сиистон ташкил медиҳанд.                 Тибқи иттилои сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назрӣ, ин шаҳрвандон бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Эрон сафар карда, бидуни раводид ва дигар ҳуҷҷатҳо дар ин кишвар кору фаъолият мекарданд. Онҳо ҳангоми гузаронидани рейдҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии Эрон боздошт гардида, ба Тоҷикистон фиристонида шуданд.                  Дар бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Эрон хориҷ шуданд бевосита волидайни онҳо дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон муосидат намуданд.                  Тибқи омори расмӣ алҳол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қариб 400 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар дар асоси Созишномаҳои байнидавлатӣ таҳсил менамоянд.

Сентябрь 3, 2009 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд