ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ЧАРО АЗ ЭРОН ХОРИҶ ГАРДИДАНД?
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон хориҷ карда шуданд, ки аз онҳо 12 нафарашро донишҷӯёни мадрасаи динии шаҳри Зоҳидони музофоти Сиистон ташкил медиҳанд. Тибқи иттилои сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назрӣ, ин шаҳрвандон бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Эрон сафар карда, бидуни раводид ва дигар ҳуҷҷатҳо дар ин кишвар кору фаъолият мекарданд. Онҳо ҳангоми гузаронидани рейдҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии Эрон боздошт гардида, ба Тоҷикистон фиристонида шуданд. Дар бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Эрон хориҷ шуданд бевосита волидайни онҳо дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон муосидат намуданд. Тибқи омори расмӣ алҳол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қариб 400 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар дар асоси Созишномаҳои байнидавлатӣ таҳсил менамоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






