СОХТМОНИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ ШИНОКУНАНДА

Сентябрь 7, 2009 11:29

               Суғд, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). – Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пойгоҳи обкашии шинокунанда бунёд мегардад. Сохтмони ин пойгоҳ дар мавзеи соҳили обанбори Қайроққум ба роҳ монда шудааст, ки дар радифи пойгоҳи обкашии шинокунандаи Хоҷабоқирғон, ки алҳол фаъолият дорад, гузошта мешавад.               Пойгоҳи обкашии шинокунанда дар ҳар сония зиёда аз 14 метри мукааб об мекашад. Зеро пойгоҳи нав дорои 8 насос ва муҳаррикҳои обкашии иқтидори ҳар яки он кашидани 1,8 метри мукааб об дар як сония мебошад.                Барои сохтмони пойгоҳ ширкатҳои хориҷӣ ҷалб шудаанд. Пудратчии асосӣ ширкати ИФМС – «Колон»-и Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Сохтмони корпуси пойгоҳи барқии обкашии шинокунанда аз ҷониби ширкати «Техмарин ЛТД»-и заводи таъмири киштиҳои шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон анҷом дода мешавад.  

Сентябрь 7, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд