СУХАНРОНИИ Д. МЕДВЕДЕВ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛҲАЛКӢ

Сентябрь 14, 2009 17:24

                Ярославл, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар» — риан.ру). — Имрӯз,14 сентябр дар шаҳри Ярославл дар мавзӯи «Давлати муосир ва амнияти умумибашарӣ» конфронси байналхалқӣ кушода шуд.                 Президенти Русия Дмитрий Медведев конфронси мазкурро кушода, ёдовар шуд, ки дар нишони шаҳри Ярославл акси хирс тасвир карда шудааст. Тавре ки маълум аст, хирс дар саросари ҷаҳон ҳамчун рамзи Русия эътироф карда мешавад. Рамзи мазкур аз як тараф ифодакунандаи эҳтиёткорию андешамандӣ ва аз тарафи дигар ифодакунандаи зӯрию тавоноӣ мебошад. Ба ақидаи ман, ҳар дуи ин сифатҳо имрӯз барои мо бо мақсади ташкили тартиби одилонаю оқилона, мутавозин ва босуботи ҷаҳон ва муҳайё сохтани шароит барои зиндагии шоистаи миллионҳо одамон зарур аст, гуфт Д.Медведев. Давлатҳо ҳақ доранд, на танҳо ба сиёсати берунӣ, балки ба сиёсати дохилии ҳамдигар барои пешгирии муноқишаҳо ва проблемаҳои дорои хусусияти байналмилалӣ баҳо диҳанд ва мудохила кунанд. Самараи нокифояи фаъолияти сохторҳои давлатӣ сабаби ба миён омадани муноқишаҳои байналхалқӣ мегарданд, гуфт президенти Русия.                Д.Медведев ёдовар шуд, ки соли гузашта сиёсати ғайриоқилонаи молиявии ҳукумати як мамлакат сабаби ба миён омадани бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Илова бар ин бо гуноҳи баъзе давлатҳо хавфи тағйироти иқлим торафт ҷиддитар мегардад.                 Бинобар ин давлатҳо ҳақ доранд, ки дар бораи ҳамдигар то ҳадди имкон бештар дониста, на танҳо ба сиёсати берунӣ, балки ба сиёсати дохилии ҳамдигар баҳо диҳанд ва дар мавриди зарурат агар сиёсати мазкур сабаби ба миён омадани проблемаҳои байналхалқӣ гашта ё меъёрҳою принсипҳои башардӯстонаро сарфи назар кунад, камбудиҳои онро нишон диҳанд, изҳор намуд президент.                 Сиёсати оқилонаю хирадмандона ва муносибати некбинонаи давлатӣ бояд тамоми зуҳуроти номатлубро аз сиёсат дур созанд. Аз як тараф хаёлоти бофтаю сохтаи хавфноки миллатгароӣ ва таассуби кӯҳнашудаи муборизаи синфҳо ва аз тарафи дигар нақшаҳои хаёлии ҳокимияти умумиҷаҳонӣ таҳти номҳои гуногун, аз ҷумла, барпо намудани «хилофати умумиҷаҳонӣ» ё «ҳокимияти яккатози хайрхоҳ» шаклҳои гуногуни авомфиребона ва моҷароҷӯёнаи ҳарбӣ мебошанд, ки ҳадафи ниҳоии онҳо ғайр аз поймол намудани ҳуқуқу озодӣ чизи дигар нест, гуфт Д.Медведев. Ҳамаи ин зуҳуроти номатлуб бояд танҳо дар саҳифаҳои таърих боқӣ монад. Оянда аз они сиёсати оқилонаю хирадмандона мебошад.                 Ба қавли Д.Медведев, бӯҳрони ҳозира баъзе проблемаҳои ҷамъиятиро тезу тунд намуд, дар натиҷа шумораи бекорон хеле афзуд. Бар асари ҳамаи ин даромади аҳолӣ кам шуд ва вазъи иҷтимоии даҳхо ва садҳо миллион сокинони сайёра ниҳоят бад гардид. Вазифаи ҳар давлате, ки бо бӯҳрон рӯ ба рӯ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва судбахш мебошад. Ҳукуматҳое, ки шаҳрвандонашонро бо кор таъмин ва шароити зиндагии онҳоро беҳтар карда наметавонанд, ба авҷ гирифтани муҳоҷирати оммавии ғайриқонунӣ ҷавобгар мебошанд, гуфт президенти Русия.                Одатан шумораи зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба мамлакатҳое мераванд, ки шароити зиндагӣ дар онҳо нисбатан беҳтар аст. Дар натиҷа вазъи иҷтимоии чунин мамлакатҳо муташанниҷтар мегардад. Қайд карда шуд, ки мавзӯи бекорӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ҳамин конфронс низ муҳокима карда хоҳад шуд.                Д.Медведев зикр намуд, ки барои мубодилаи таҷриба ва пешниҳоди мулоҳизаҳо ташкили гурӯҳҳои махсуси коршиносон муфид буда метавонад. Вазифаи асосии имрӯзаи мо бартараф сохтани тамоми маҷмӯи оқибатҳои коҳиши иқтисодиёт, барқарор намудани афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва то ҳадди имкон паст намудани шиддати вазъият дар саросари ҷаҳон мебошад. Тавре ки борҳо зикр намудам, барои ин на пеш гирифтани ислоҳоти зоҳирӣ, балки ба таври ҷиддӣ ва муассир ислоҳ намудани фаъолияти сохторҳои молиявию иқтисодӣ зарур аст, гуфт дар хотима Дмитрий Медведев. 

Сентябрь 14, 2009 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид