ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ САБАБИ ҚАШШОҚИИ ОДАМОН МЕГАРДАД
Катманду, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Пресс.кг). – Бонки рушди Осиё рӯзи чоршанбе изҳор намуд, ки тағйир ёфтани иқлим сабаби дар Осиёи Ҷанубӣ ба миён омадани проблемаи нарасидани об ва хӯрока мегардад. Дар натиҷа шароити зиндагии бештар аз 1,6 миллиард сокини мамлакатҳои минтақа ниҳоят душвор хоҳад гашт. Дар маърӯзаи бонк гуфта мешавад, ки агар ҷараёни тағйирёбии иқлим то соли 2050 давом кунад, дар Осиёи Ҷанубӣ ҳосили ҷуворимакка 17 фоиз, гандум 12 фоиз ва шолӣ 10 кам хоҳад шуд. Таъсири тағйирёбии иқлим ба баъзе мамлакатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла, Афғонистон, Бангладеш, Ҳиндустон ва Непал бештар аст. Зеро таъминоти зиндагии аҳолии ин мамлакатҳо асосан ба соҳаи кишоварзӣ вобаста мебошад. Директори генералии шӯъбаи Бонки рушди Осиё дар Осиёи Ҷанубӣ Кунио Сенга зикр кард, ки тақрибан нисфи аҳолии қашшоқи ҷаҳон дар ҳамин минтақа зиндагӣ мекунад. Хабар дода мешавад, ки К.Сенга дар Непал дар конфронси роҳбарону намояндагони мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ширкат варзид. Конфронс мамлакатҳои сарватмандро даъват намуд, ки ба мамлакатҳои қашшоқи минтақа кӯмак расонанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






