ТАҶЛИЛИ 110 — СОЛАГИИ Ш.ШОТЕМУР
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Гоибназарова). – Аз дафтари матбуоти вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имсол моҳи октябр 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар яке аз коргоҳҳои вазорати фарҳанг ҳайкали чаҳорметраи Ш.Шотемур сохта шуд. Муаллифи ҳайкал пайкарасоз Алиҷон Бобошарифов мебошад. Баландии ҳайкал чор метр аст. Ҳайкали мазкур дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ гузошта хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи омода сохтану гузаронидани 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Ш.Шотемур қарор қабул карда буд. Шириншо Шотемур арбоби давлатию ҳизбии даврони шӯравӣ ва яке аз ташкилкунандагони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мебошад. Ӯро соли 1937 бо тӯҳмату бӯҳтон ба ҳабс гирифта, бо ҳукми ҳайати низомии Суди олии ИҶШС 27 октябри соли 1937 ба ҷазои ниҳоӣ — қатл маҳкум кардаанд. Суди олии ИҶШС соли 1956 бегуноҳии Шириншо Шотемурро исбот намуд. Ш.Шотемур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва баъди маргаш бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






