ТАҶЛИЛИ 110 — СОЛАГИИ Ш.ШОТЕМУР

Сентябрь 25, 2009 09:53

                 Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Гоибназарова). – Аз дафтари матбуоти вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имсол моҳи октябр 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар яке аз коргоҳҳои вазорати фарҳанг ҳайкали чаҳорметраи Ш.Шотемур сохта шуд. Муаллифи ҳайкал пайкарасоз Алиҷон Бобошарифов мебошад. Баландии ҳайкал чор метр аст.                 Ҳайкали мазкур дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ гузошта хоҳад шуд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи омода сохтану гузаронидани 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Ш.Шотемур қарор қабул карда буд.                  Шириншо Шотемур арбоби давлатию ҳизбии даврони шӯравӣ ва яке аз ташкилкунандагони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мебошад. Ӯро соли 1937 бо тӯҳмату бӯҳтон ба ҳабс гирифта, бо ҳукми ҳайати низомии Суди олии ИҶШС 27 октябри соли 1937 ба ҷазои ниҳоӣ — қатл маҳкум кардаанд. Суди олии ИҶШС соли 1956 бегуноҳии Шириншо Шотемурро исбот намуд.                     Ш.Шотемур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва баъди маргаш бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шуд.

Сентябрь 25, 2009 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд