ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ
Маскав, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 8 сентябр дар шаҳри Маскав ба муносибати 18 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмии идона орост. Дар он роҳбарони вазорати корҳои хориҷии Русия, намояндагони парлумон, кормандони масъули вазорату идораҳои Русия, сафирон ва намояндагони муассисаҳои дипломатӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия, ходимони илму фарҳанг ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар бораи дастовардҳои халқи тоҷик дар давоми солҳои истиқлолияти мамлакат ва равнақу ривоҷи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия сухан ронд. Вай ҷамъомадагонро ба муносибати иди истиқлолият табрик намуда, зикр кард, ки «мо ҳамеша дар лаҳзаҳои душвортарин ба Русия рӯ меовардем ва меорем. Тоҷикистон ва Русия солҳои ҳокимияти шӯравӣ дар ҳайати як давлат барои иҷрои нақшаҳои пешбинишуда ҷидду ҷаҳд мекарданд. Муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар давоми қариб ду даҳсолаи охир ҳамчун давлатҳои мустақил сол то сол бештар густариш меёбанд. Ташрифи Президенти Русия Д.Медведев моҳи июли соли 2009 ба Тоҷикистон бори дигар исбот намуд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мутақобилан муфиди ҳар ду кишвар ва роҳбарони онҳо бемайлон ва муттасил густариш меёбанд». Сафир дар бораи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия сухан ронда, изҳор кард, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни онҳо дар давоми нимаи аввали соли 2009 — ум 402 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Дар ин муддат аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 39,8 миллион доллар молҳои гуногун фиристода шуд. Аз Тоҷикистон ба Русия асосан сабзавоту мева, нахи пахта ва фулузоти ранга фиристода мешавад. Мамлакати мо аз Русия маводи сӯхт, равғанҳои молиданӣ, ғалла, нуриҳои маъданӣ, чӯбу тахта ва маҳсулоти саноатӣ харидорӣ мекунад, гуфт дипломати тоҷик.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






