ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ҲАВОНАВАРДИИ МУЛКӢ ДАР ХУҶАНД
Чкаловск, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). — Дирӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Майдони ҳавоии байналхалқии Хуҷанд» ба муносибати 85 — солагии соҳаи ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Онро директори генералии майдони ҳавоии Хуҷанд Маъруф Мирзоев кушод. Ҳозиронро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳавонавардии мулкӣ раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов, намояндагони вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ ва дигарон табрик намуданд. Нотиқон зикр карданд, ки кормандону мутахассисони майдони ҳавоии байналхалқии Хуҷанд солҳои охир комёбиҳои калони истеҳсолию иқтисодӣ ба даст меорад. Ғайр аз ин дастгирии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ ва расондани кӯмак ба мӯҳтоҷон аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти корхона ба шумор меравад. Масалан, чанде пеш мувофиқи даъвати Сарвари давлат бо қувваю маблағи корхона дар ноҳияи Хуросон барои зарардидагони боришҳои тӯлонӣ ду хонаи истиқоматӣ сохта тӯҳфа карда шуд. Инчунин ба муносибати иди Рамазон, 85 — солагии соҳаи ҳавонавардии мулкӣ ва 18 – солагии истиқлолияти давлати Тоҷикистон ба хона — интернатҳо, боғчаҳои бачагона ва хонаҳои мӯйсафедон ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд. Дар фарҷоми ҷамъомад ба коргарони беҳтарин ва собиқадорон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд. Ба шарафи ид дар варзишгоҳи шаҳри Чкаловск мусобиқаҳои варзишӣ ва консерти калони идона ташкил карда шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






