ТАШКИЛИ ЛИТСЕЙ БАРОИ ТОЛИБИЛМОНИ БОЛАЁҚАТ
Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар пойтахт муассисаи таълимии давлатии литсейи №1 барои хонандагони болаёқат таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо кард. Литсей бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили хонандагони болаёқати шаҳр дар бинои назди мактаби таҳсилоти умумии №10 воқеъ дар кӯчаи Саид Носир, 35 ташкил карда мешавад. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки муассисаи мазкурро ба реестри муассисаҳои буҷетӣ ворид намуда, зимни таҳияи буҷети давлатӣ барои маблағгузорӣ ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш диҳад. Инчунин, идораи маорифи шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки муассисаи навтаъсиси таълимиро бо ҷевонҳо ва кабинетҳои фанни физика, химия, технологияи компютерӣ, лингафонӣ ва дигар таҷҳизоти таълимӣ таъмин намоянд. Ҳамзамон, ба раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе супориш шудааст, ки дар назди муассисаи мазкур сохтмони толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхонаи литсейро дар соли 2010 ба нақша гирад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






