ТАШКИЛИ ЛИТСЕЙ БАРОИ ТОЛИБИЛМОНИ БОЛАЁҚАТ

Сентябрь 25, 2009 15:22

                  Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар пойтахт муассисаи таълимии давлатии литсейи №1 барои хонандагони болаёқат таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо кард.                  Литсей бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили хонандагони болаёқати шаҳр дар бинои назди мактаби таҳсилоти умумии №10 воқеъ дар кӯчаи Саид Носир, 35 ташкил карда мешавад. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки муассисаи мазкурро ба реестри муассисаҳои буҷетӣ ворид намуда, зимни таҳияи буҷети давлатӣ барои маблағгузорӣ ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш диҳад. Инчунин, идораи маорифи шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки муассисаи навтаъсиси таълимиро бо ҷевонҳо ва кабинетҳои фанни физика, химия, технологияи компютерӣ, лингафонӣ ва дигар таҷҳизоти таълимӣ таъмин намоянд.                  Ҳамзамон, ба раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе супориш шудааст, ки дар назди муассисаи мазкур сохтмони толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхонаи литсейро дар соли 2010 ба нақша гирад. 

Сентябрь 25, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад