ТАВСИЯҲОИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ДАР БОРАИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МУАЛЛИМОН
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Маҷлиси ҳайати мушовараи вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар бораи либоси ягонаи муаллимони мактабҳои миёна ва олии мамлакат қарор қабул намуд. Қарори мазкур аз 1 октябр эътибор пайдо менамояд. Мувофиқи қоидаҳои нав, ба муаллимаҳо тавсия дода мешавад, ки дар мактаб либосҳои ҷинс, доманҳои кӯтоҳ, либосҳои гуногунранги варзишӣ ва либосҳои ниҳоят тангу шаффоф напӯшанд. Инчунин ба онҳо маслиҳат дода мешавад, ки дар ҳудуди мактабҳо асбобу анҷоми қиматбаҳои ороиширо истифода набаранд. Ба муаллимони мард тавсия дода мешавад, ки зимни иҷрои вазифа либосҳои муқаррарӣ, аз ҷумла, шими сиёҳ ва куртаи якранг пӯшанд. Танҳо ба омӯзгорони калонсоли аз 50 — сола боло иҷозат дода мешавад, ки риш монанд. Дар ин маврид дарозии риши онҳо набоят аз 3 сантиметр дароз бошад. Мутахассисони либосҳои навбаромад 20 намунаи либосҳои мактабиро тайёр намуда, ба мактабҳо пешниҳод карданд. Масъалаи истифодаи кадом навъи либос дар шӯроҳои педагогии мактабҳо ҳал карда мешавад. Мусаллам аст, ки барои ҳамаи муаллимон либоси ҳатмии ягонаи корӣ муайян карда нашудааст. Муаллимаҳо ва духтарон дар мактабҳои миллӣ мисли пештара либоси миллӣ пӯшида метавонанд. Сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва маълумоти миёнаи вазорати маориф Ҷалолиддин Амиров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки қарори маҷлиси ҳайати мушовараи вазорат дар бораи либоси омӯзгорон хусусияти тавсиявӣ дорад ва дар ин масъала додани ягон ҷазо пешбинӣ нашудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






