ТАВСИЯИ ЭКОЛОГҲО ДАР БОРАИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аъзои маҳфили созмонҳои экологии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар бобати амалӣ сохтани Барномаи давлатии сарфаи қувваи барқ ва мавриди истифода қарор додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар давоми солҳои 2010 – 2015 силсилаи пешниҳодҳо ва тавсияҳо ба миён гузошт. Роҳбари муассисаи «Замини хурд» Темур Идрисов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки тадбирҳои афзун гардондани самараи истифодаи энергия бояд якҷоя бо манбаъҳои дигари барқароршавандаи он чӣ дар шаҳрҳо ва чӣ дар деҳот амалӣ гардонда шаванд. Ин муҳоҷирати аз ҳад зиёди аҳолиро аз деҳот ба шаҳрҳо пешгирӣ карда, шароити зиндагии одамонро беҳтар гардонда, бисёр проблемаҳои иҷтимоӣ ва экологиро ҳал менамояд. Агар барномаи мазкур бе назардошти мавқеи ҷонибҳои дигари манфиатдор тартиб дода шавад, дар ин маврид самараи дилхоҳ нахоҳад дод. Созмонҳои экологӣ тайёранд, ки дар бобати амалӣ сохтани барнома бо вазорату идораҳо ҳамкорӣ кунанд, гуфт Т.Идрисов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






