ТОҶИКИСТОН БА МАЪРАКАИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ОМОДА МЕГАРДАД

Сентябрь 14, 2009 11:13

                 Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутоби Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи муҳими сиёсӣ буда, гузаронидани он бо сабабҳои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳо дар ҷараёни демографӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, болоравии муҳоҷирати аҳолӣ, авҷ гирифтани проблемаҳои манзилӣ бениҳоят зарур мебошад.                 Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан бо рафти омодагиҳо ба гузаронидани ин маърака Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Коммисияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ Оқил Оқилов ба ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо масъулини соҳа ҷаласаҳои махсус доир намуд. Дар ин ҷаласаҳо масоили ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, номгузории кӯчаҳо ва рақамгузории хонаҳо, тайёр намудани маводҳои харитавӣ ва амсоли инҳо баррасӣ шуда, ҷиҳати бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.                 Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаи нави инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ қарор дорад ва донистани он, ки дар солҳои охир шумораи аҳолӣ то чӣ андоза афзудааст, ҳолати бозори меҳнат дар кадом сатҳ қарор дорад, равандҳои муҳоҷирати беруна ва дохилии мамлакат кадом равияро гирифтаанд басо муҳим аст.  

Сентябрь 14, 2009 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст