ТОҶИРОНУ ФУРӮШАНДАГОН БА БОЗОРИ НАВ ОДАТ МЕКУНАНД

Сентябрь 18, 2009 10:12

                Душанбе, 18 сентбр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ Рамазон Рамазонов, соли ҷорӣ дар асоси нақшаи шаҳрдорӣ дар маркази вилоят баробари даҳҳо иншоот сохтмони бозори нав низ симои шаҳрро боз ҳам диданибоб сохт. Мардуми ба бозори кӯҳна одаткарда, ба бозори нав, ки дар асоси ҳамаи талаботи санитарӣ ва шароитҳои хуби нигоҳдории молу коло сохта шудааст, бо дили нохоҳам мераванд.                Ба гуфти як тоҷирзани маҳаллӣ, ки худро Соро муаррифӣ намуд, онҳое, ки побанди одатҳои кӯҳнаю кӯҳнапарастӣ ҳастанд, танҳо ба хотири арзонтар будани нархи пардохти иҷора бозори навро қабул надоранд, аммо баъди ҷойгир шуданашон ба ҷои нави худ дар бозори нав одат мекунанд.                 Мақомоти шаҳрдорӣ бо мақсади омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат, ки соли 2010 дар шаҳри Хоруғ таҷлил мегардад, бозори кӯҳнаро ҳам азнавсозӣ мекунанд. Аз инрӯ, бояд савдогарон ба бозори нав кӯчонида шаванд, то ба корҳои таъмиру тармим халал ворид накунанд. 

Сентябрь 18, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд