ТОҶИРОНУ ФУРӮШАНДАГОН БА БОЗОРИ НАВ ОДАТ МЕКУНАНД
Душанбе, 18 сентбр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ Рамазон Рамазонов, соли ҷорӣ дар асоси нақшаи шаҳрдорӣ дар маркази вилоят баробари даҳҳо иншоот сохтмони бозори нав низ симои шаҳрро боз ҳам диданибоб сохт. Мардуми ба бозори кӯҳна одаткарда, ба бозори нав, ки дар асоси ҳамаи талаботи санитарӣ ва шароитҳои хуби нигоҳдории молу коло сохта шудааст, бо дили нохоҳам мераванд. Ба гуфти як тоҷирзани маҳаллӣ, ки худро Соро муаррифӣ намуд, онҳое, ки побанди одатҳои кӯҳнаю кӯҳнапарастӣ ҳастанд, танҳо ба хотири арзонтар будани нархи пардохти иҷора бозори навро қабул надоранд, аммо баъди ҷойгир шуданашон ба ҷои нави худ дар бозори нав одат мекунанд. Мақомоти шаҳрдорӣ бо мақсади омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат, ки соли 2010 дар шаҳри Хоруғ таҷлил мегардад, бозори кӯҳнаро ҳам азнавсозӣ мекунанд. Аз инрӯ, бояд савдогарон ба бозори нав кӯчонида шаванд, то ба корҳои таъмиру тармим халал ворид накунанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






