УСУЛИ НАВИ ТАЛОҚИ СУҒДӢ
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Матлубахон Сатторова сокинони вилоят, ки дар хориҷ аз кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, баъди пайдо кардани ҳамсарони нав, ҳамсарони пешинаро тавассути телефонҳои мобилӣ талоқ медиҳанд, ки ин натанҳо хилофи қонун, балки хилофи хислатҳои неки инсонӣ ҳам мебошад. Муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои ба худкушӣ даст задании занҳо дар вилоят ин хонавайронии оилаҳои ҷавон аз ҷониби ҳамсарони дар муҳоҷират хонадоршуда ва фиристонидани талоқ тавассути нома ва ё эълон доштан бо телефонҳои мобилӣ, инчунин дастгирии молиявӣ наёфтани ҳамсару фарзандон мебошад. Дар давоми соли ҷорӣ 69 нафар занон дар вилояти Сугд даст ба худкушӣ заданд, нисбати 7 ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудаст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






