УСУЛИ НАВИ ТАЛОҚИ СУҒДӢ

Сентябрь 23, 2009 09:02

                Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Матлубахон Сатторова сокинони вилоят, ки дар хориҷ аз кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, баъди пайдо кардани ҳамсарони нав, ҳамсарони пешинаро тавассути телефонҳои мобилӣ талоқ медиҳанд, ки ин натанҳо хилофи қонун, балки хилофи хислатҳои неки инсонӣ ҳам мебошад.                  Муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои ба худкушӣ даст задании занҳо дар вилоят ин хонавайронии оилаҳои ҷавон аз ҷониби ҳамсарони дар муҳоҷират хонадоршуда ва фиристонидани талоқ тавассути нома ва ё эълон доштан бо телефонҳои мобилӣ, инчунин дастгирии молиявӣ наёфтани ҳамсару фарзандон мебошад.                 Дар давоми соли ҷорӣ 69 нафар занон дар вилояти Сугд даст ба худкушӣ заданд, нисбати 7 ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудаст.

Сентябрь 23, 2009 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд