ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК МУСОБИҚАРО ДАВОМ МЕДИҲАНД

Сентябрь 4, 2009 16:56

                 Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Милани Италия мусобиқоти қаҳрамонии боксчиёни ҷаҳон давом дорад. Тавре хабар дода шуда буд, дар он гурӯҳи боксчиёни тоҷик низ ширкат меварзанд.                 Имрӯз, аз ҷумла, боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов бо варзишгари Словакия Борут Слапник қувваозмоӣ карда, ӯро бо ҳисоби калони 12:0 мағлуб кард. Ҷ.Қурбонов ба ҳарифи худ имкон надод, ки ба ҷисми ӯ ягон маротиба зарба занад. Қувваозмоии навбатии Ҷ.Қурбонов 6 сентябр барпо мегардад.                 Боксчии дигари тоҷик Ҷаҳонгир Убайдуллоев дар вазни 69 килограмм бо намояндаи Ҷумҳурии Африқои Марказӣ Бруно Бонгонго қувваозмоӣ карда, ӯро мағлуб намуд. Қувваозмоии навбатии ӯ ба рӯзи 6 сентябр таъин гардид. Ин дафъа Ҷ.Убайдуллоев бо Торден Киллер қувваозмоӣ хоҳад кард.               Варзишгари дигари тоҷик Мадади Нағзибеков бегоҳии имрӯз бо намояндаи давлати Того Тонде Сараун қувва меозмояд.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъди се рӯзи мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби Австрия, Туркманистон, Чили, Боливия, Панама, Индонезия, Непал, Шри – Ланка, Малта, Самоа, Полинезия, Фиҷи, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ғайра тамоми қувваозмоиҳоро бой дода, аз мусобиқа хориҷ гардиданд.               Қисми зиёди варзишгарони мамлакатҳои дигар низ мағлуб шуданд. Имрӯз қувваозмоиҳои мусобиқаро 4 варзишгар аз Кения, 2 варзишгар аз Ҷопон, 4 варзишгар аз ИМА, се нафарӣ аз Ҳиндустону Афғонистон, Босния ва Герсеговина, Белорусия, Маҷористон, Австралия, Урдун, Покистон, Гурҷистон ва Тоҷикистон, 2 нафарӣ аз Канада, Булғористон, Мексика, Албания, Украина, Испания, Чехия, ва ғайра давом медиҳанд. 

Сентябрь 4, 2009 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд