ЗАРАРИ БОРИШ ДАР ИСТАМБУЛ
Истамбул, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар» — ЛТВ.ру). – Аз рӯи маълумоти пешакӣ зарари боришоти дирӯз дар Истамбул ба амал омада 80 – 90 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Хабар дода мешавад, ки 9 сентябр дар қисмати шимолу ғарбии Туркия борони шадид ва тӯлонӣ борида, сабаби омадани сел ва фуромадани ярч гардид. Дар натиҷа қисми зиёди маҳалҳои аҳолинишини қисмати аврупоии мамлакат хароб гардиданд. Баландии сатҳи об дар бисёр маҳалҳо ба 4 метр мерасид. Роҳҳои мошингард ва роҳи оҳани минтақа пурра зери об монданд. Сарвазири Туркия Тоиб Ардагон хабар дод, ки шумораи қурбониёни фалокати табиӣ дар Истамбул ва вилояти Тоҳирдоғ ба бештар аз 30 нафар мерасад. То ҳол 9 нафари дигар беному нишон гумшуда ба ҳисоб мераванд. Т.Ардагон обхезии Истамбулро фалокати аср номид. Айни ҳол дар маҳалли фалокат корҳои наҷотдиҳӣ давом доранд. Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки боришҳо дар ин ҷо боз ду шабонарӯзи дигар давом хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






