ЗАРАРИ БОРИШ ДАР ИСТАМБУЛ

Сентябрь 11, 2009 10:04

                Истамбул, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар» — ЛТВ.ру). – Аз рӯи маълумоти пешакӣ зарари боришоти дирӯз дар Истамбул ба амал омада 80 – 90 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.                 Хабар дода мешавад, ки 9 сентябр дар қисмати шимолу ғарбии Туркия борони шадид ва тӯлонӣ борида, сабаби омадани сел ва фуромадани ярч гардид. Дар натиҷа қисми зиёди маҳалҳои аҳолинишини қисмати аврупоии мамлакат хароб гардиданд. Баландии сатҳи об дар бисёр маҳалҳо ба 4 метр мерасид. Роҳҳои мошингард ва роҳи оҳани минтақа пурра зери об монданд.                  Сарвазири Туркия Тоиб Ардагон хабар дод, ки шумораи қурбониёни фалокати табиӣ дар Истамбул ва вилояти Тоҳирдоғ ба бештар аз 30 нафар мерасад. То ҳол 9 нафари дигар беному нишон гумшуда ба ҳисоб мераванд. Т.Ардагон обхезии Истамбулро фалокати аср номид.                  Айни ҳол дар маҳалли фалокат корҳои наҷотдиҳӣ давом доранд. Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки боришҳо дар ин ҷо боз ду шабонарӯзи дигар давом хоҳанд кард.

Сентябрь 11, 2009 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид