ЗИЛЗИЛАИ ШАДИД ДАР ГУРҶИСТОН
Тифлис, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Агентии миллии ҳифзи муҳити зисти Гурҷистон хабар дод, ки шаби сешанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ замин сахт ҷунбид ва қувваи он мувофиқи ҷадвали Рихтер тақрибан 8 балл буд. Пажӯхишгоҳи таҳқиқоти замини ИМА қабл аз ин хабар дод, ки қувваи зилзилаи дар қаламрави Гурҷистон баамаломада 6,2 баллро ташкил медиҳад. Маркази зилзила дар самти шимолу шарқии шаҳри Кутаиси, 156 километр дур аз Тифлис воқеъ буд. Зилзилаи нисбатан шадид дар ноҳияи Они минтақаи Рача — Лечхуми Гурҷистон ҳис карда шуд. Алҳол дар бораи зарари зилзила ва қурбониёни он ягон хабар нарасидааст. Дар шаҳри Схинвали баробари зилзила чароғҳои барқ хомӯш гардиданд. Одамон ба тарсу ҳарос афтода, хонаҳояшонро тарк карданд. Вале таъминоти қувваи барқ баъди чанд соат барқарор гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






