ҒОЛИБИ ОЗМУНРО 20 000 СОМОНӢ ИНТИЗОР АСТ

Октябрь 1, 2009 09:02

                 Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор қабул кард. Тибқи он барои эҷоди беҳтарин консепсия- сенарияи таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказӣ ва ороиши бадеии он, байни эҷодкорон, адибон ва рассомон дар шакли шахсони алоҳидаю ҳуқуқӣ ва гурӯҳҳои эҷодии ватанию хориҷӣ аз 28 сентябр то 28 декабр озмуни кушод гузаронида мешавад.                    Дарёфти тарз, мазмуну мӯҳтавои беҳтарини баргузории тадбирҳои ҷашнӣ, ки ба густариши дӯстиву рафоқати тамоми халқҳои мамлакат мусоидат менамояд, намоиши дастовардҳои муосири иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва шаҳри Душанберо ҳамчун маркази сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар ифода месозад, аз ҳадафҳои асосии озмун аст.                   Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар робита, ҳайати ҳакамони озмун созмон дода шудааст, ки роҳбарии онро Раиси шаҳри Душанбе ба ӯҳда гирифтааст. Асарҳо бояд дар 5 нусха то 28 декабри соли 2009 ба шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд. Беҳтарин консепсия- сенарияи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатиро 20 ҳазор сомонӣ интизор аст.   

Октябрь 1, 2009 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд