ҒОЛИБИ ОЗМУНРО 20 000 СОМОНӢ ИНТИЗОР АСТ
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор қабул кард. Тибқи он барои эҷоди беҳтарин консепсия- сенарияи таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказӣ ва ороиши бадеии он, байни эҷодкорон, адибон ва рассомон дар шакли шахсони алоҳидаю ҳуқуқӣ ва гурӯҳҳои эҷодии ватанию хориҷӣ аз 28 сентябр то 28 декабр озмуни кушод гузаронида мешавад. Дарёфти тарз, мазмуну мӯҳтавои беҳтарини баргузории тадбирҳои ҷашнӣ, ки ба густариши дӯстиву рафоқати тамоми халқҳои мамлакат мусоидат менамояд, намоиши дастовардҳои муосири иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва шаҳри Душанберо ҳамчун маркази сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар ифода месозад, аз ҳадафҳои асосии озмун аст. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар робита, ҳайати ҳакамони озмун созмон дода шудааст, ки роҳбарии онро Раиси шаҳри Душанбе ба ӯҳда гирифтааст. Асарҳо бояд дар 5 нусха то 28 декабри соли 2009 ба шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд. Беҳтарин консепсия- сенарияи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатиро 20 ҳазор сомонӣ интизор аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






