ҒОЛИБИЯТИ МАКТАББАЧАГОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

Октябрь 16, 2009 10:38

                Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — хонандаи синфи 11- и мактаби №6-и пойтахт Заррина Ҷамшедзода ва талабаи синфи 9-и мактаби №15 и шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ гардида, бо дипломи дараҷаи аввал сарфароз гардиданд.                  Бояд гуфт, ки 7-умин олимпиадаи байналмилалии фанни забони русӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав баргузор шуд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он 8 нафар хонандагони болаёқати мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иштирок намуда, шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд.               Тибқи иттилои директори Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоистаи назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Шокирҷон Гадоев, дар олимпиада аз 11 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои Балтика талабаҳои болаёқат иштирок карданд. Инчунин, дигар иштирокдорони олимпиада бо дипломҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Октябрь 16, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд