ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ МЕАФЗОД

Октябрь 27, 2009 10:03

                 Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бо мақсади ба низом даровардани вазъи пардохти музди меҳнат дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдор «Дастуруламал оид ба пардохти маблағи иловагӣ ба кормандон ҳангоми бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат» таҳия гардида, мавриди амал қарор дода шуд, — иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ба мухбири АМИТ «Ховар».                 Дар самтҳои фаъолияти вазорати мазкур яке аз масъалаҳои ҳалталаб пайдоиши ҳарсолаи қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат мебошад, ки он боиси ташвиши ҷиддии кормандони вазорат гардидааст. Сабабҳои қарздорӣ аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ба тарзи гуногун шарҳу эзоҳ дода мешаванд.                 Дар солҳои гузашта ба қарздорӣ аз музди меҳнат агар бештар омилҳои соҳаи кишоварзӣ сабабгор шуда бошанд, барои афзоиши ин падида дар соли ҷорӣ бӯҳрони молиявӣ таъсири бевосита дорад.                Афзоиши қарз аз пардохти музди меҳнат ба ҳолати 1 – уми августи соли 2009 он 31519,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Октябрь 27, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд