ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ МЕАФЗОД
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бо мақсади ба низом даровардани вазъи пардохти музди меҳнат дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдор «Дастуруламал оид ба пардохти маблағи иловагӣ ба кормандон ҳангоми бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат» таҳия гардида, мавриди амал қарор дода шуд, — иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар самтҳои фаъолияти вазорати мазкур яке аз масъалаҳои ҳалталаб пайдоиши ҳарсолаи қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат мебошад, ки он боиси ташвиши ҷиддии кормандони вазорат гардидааст. Сабабҳои қарздорӣ аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ба тарзи гуногун шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Дар солҳои гузашта ба қарздорӣ аз музди меҳнат агар бештар омилҳои соҳаи кишоварзӣ сабабгор шуда бошанд, барои афзоиши ин падида дар соли ҷорӣ бӯҳрони молиявӣ таъсири бевосита дорад. Афзоиши қарз аз пардохти музди меҳнат ба ҳолати 1 – уми августи соли 2009 он 31519,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






