ҚУРБИ ДОЛЛАР БОЗ ПОЁН ФАРОМАД
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳбадбекова). – Мувофиқи маълумоти фаврии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои байнибонкӣ ва бахшҳои дохилии бонкҳои Тоҷикистон қурби харид ва фурӯши доллари ИМА поён рафт. Чунон чӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд қурби 1 доллари ИМА ба 4,3800 – 4,3900 сомонӣ баробар шуд. Қурби рубли Русия ва евро нисбатан боло рафта, 10 рубли Русия бо нархи 1,4620 – 1,4740 сомонӣ ва як евро бо нархи 6,4800 – 6, 4900 сомонӣ мубодила гардид. Ҳаҷми мубодилаи асъори хориҷӣ ва қурби он дар бозорҳои байнибонкӣ ва бахшҳои дохилибонкӣ аз давраи 16 октябр то 20 октябр гувоҳӣ медиҳад, ки шумораи амалиёти бонкӣ бо иштироки доллари ИМА камтар шуда, дар баробари ин амалиёти бонкӣ бо рубли русӣ ва евро фаъол гардид. Айни ҳол нархи миёнаи харид ва фурӯши 1 доллари ИМА ба 4,3820 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4860 сомонӣ ва як евро ба 6,5195 сомонӣ баробар шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






