ҲАМОИШИ ОБУҲАВОШИНОСОНИ ИДМ ДАР МИНСК

Октябрь 20, 2009 16:49

                 Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова, Фирдавс Таваров). – Имрӯз дар пойтахти Белорусия сессияи 21 — уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба обуҳавошиносӣ дар давлатҳои ИДМ баргузор шуд. Аъзоёни Шӯрои байнидавлатӣ фаъолияти хадамоти обуҳавошиносии миллии давлатҳои ИДМ –ро таҳлил карда, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро дар доираи барномаҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ баррасӣ мекунанд.                    Ҳамчунин дар ҷамъомад масоили вобаста ба хадамоти назорати заминӣ, илмӣ — тадқиқотӣ ва илмӣ — методӣ, таъсиси базаи маълумот, мубодилаи ахбор муҳокима мешаванд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷамъомад директори муассисаи давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Сафаров иштирок мекунад.                    Дар кори ҳамоиш ҳамчунин ширкати котиби генералии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Мишел Жарро дар назар дошта шудааст.                    Бояд гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти босамари Шӯрои байнидавлатӣ оид ба обуҳавошиносӣ дар давлатҳои ИДМ дар ҳудуди давлатҳои Иттиҳод сохтори густурдаи мубодилаи ахбори обуҳавошиносӣ нигоҳ дошта шуд, дар баробари ҳамин созмон додани Ташкилоти обуҳавошиносии байнидавлатӣ муяссар гардид. Дар доираи ин муассиса мубодилаи ахбор ва тартиби ҳамкории хадамоти миллии обуҳавошиносӣ дар вазъияти фавқулодда вобаста ба боду ҳавои ногувор корбаст шудааст.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз муассисаи давлатии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.

Октябрь 20, 2009 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд