ҲАМОИШИ ОБУҲАВОШИНОСОНИ ИДМ ДАР МИНСК
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова, Фирдавс Таваров). – Имрӯз дар пойтахти Белорусия сессияи 21 — уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба обуҳавошиносӣ дар давлатҳои ИДМ баргузор шуд. Аъзоёни Шӯрои байнидавлатӣ фаъолияти хадамоти обуҳавошиносии миллии давлатҳои ИДМ –ро таҳлил карда, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро дар доираи барномаҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ҷамъомад масоили вобаста ба хадамоти назорати заминӣ, илмӣ — тадқиқотӣ ва илмӣ — методӣ, таъсиси базаи маълумот, мубодилаи ахбор муҳокима мешаванд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷамъомад директори муассисаи давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Сафаров иштирок мекунад. Дар кори ҳамоиш ҳамчунин ширкати котиби генералии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Мишел Жарро дар назар дошта шудааст. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти босамари Шӯрои байнидавлатӣ оид ба обуҳавошиносӣ дар давлатҳои ИДМ дар ҳудуди давлатҳои Иттиҳод сохтори густурдаи мубодилаи ахбори обуҳавошиносӣ нигоҳ дошта шуд, дар баробари ҳамин созмон додани Ташкилоти обуҳавошиносии байнидавлатӣ муяссар гардид. Дар доираи ин муассиса мубодилаи ахбор ва тартиби ҳамкории хадамоти миллии обуҳавошиносӣ дар вазъияти фавқулодда вобаста ба боду ҳавои ногувор корбаст шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз муассисаи давлатии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






