ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ДАР БАЪЗЕ КӮЧАҲО ҚАТЪ МЕГАРДАНД
Душанбе, 13 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо сабаби гузаронидани корҳои азнавсозии хатти коррезӣ аз 10 то 17 октябри соли равон ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Шероз аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ ва аз 17 то 27 октябр қисмати кӯчаи Шотемур аз буриши кӯчаи Нозим Ҳикмат то буриши кӯчаи Шероз қатъ карда мешаванд. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита доир ба андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаҳои Шероз ва Шотемур қарор ба имзо расонд. Тибқи муқаррароти банди 1-уми қарори мазкур муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбариро, ки аз кӯчаҳои дар боло зикршуда мегузаранд, таъмин намоянд. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов вогузор гардидааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






