ҲОМИД КАРЗАЙ БА ИНТИХОБОТИ ТАКРОРӢ РОЗӢ АСТ

Октябрь 21, 2009 15:19

                 Кобул, 21 октябр. (АМИТ «Ховар» — afghanistan.ru). – Мувофиқи хабари агентии иттилооти «Бохтар» Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо котиби генералии СММ Пан Ги Мун таъкид кард, ки роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Афғонистон тамоми қонунҳои ҷорӣ ва талаботи Конститутсияи мамлакатро риоя мекунад. Қабл аз ин низ котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон вобаста ба авзои баъд аз интихоботӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буд. Аз натиҷаи сӯҳбати телефонӣ Хиллари Клинтон изҳор кард, ки рӯзҳои наздик аз ҷониби роҳбарияти Афғонистон қарори дахлдор ва мутобиқ бо талаботи Сарқонуни ҷумҳурӣ қабул мешавад.                Дар тақвияти суханони Хиллари Клинтон Воҳид Умар котиби матбуотии ситоди Ҳомид Карзай илова кард, ки: «Мо қарори расмии комиссияи мустақили интихоботиро интизорем. Агар комиссия ногузирии гузаронидани даври дуюми интихоботи президентиро зарур шуморад, Ҳомид Карзай чунин қарори комиссияро дастгирӣ хоҳад кард».                Бояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо низ аз Ҳомид Карзай барои гузаронидани даври дуюми интихоботи президентӣ даъват ба амал оварда буд.

Октябрь 21, 2009 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд