ҲУКМИ ҚАТЛ БЕКОР МЕШАВАД?
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар соли 2008 – ум 2390 маҳбус қатл шуда, 8864 нафари дигар бо ҷазои қатл шудан маҳкум гардиданд. Айни ҳол дар 58 давлати ҷаҳон аз ҷазои истисноии қатл шудан нисбат ба маҳкумшудагон истифода бурда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ҳар сол 10 октябр дар Аврупо ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ҳукми қатл қайд карда мешавад. Вобаста ба ин сана Иттиҳоди Аврупо аз ҳамаи давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ки ҷазои қатл нисбат ба маҳкумшудагонро бекор кунанд ва ё ҳадди ақал мувақатан аз истифодаи он даст кашанд. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз қарори давлатҳои Осиёи Марказӣ дар хусуси маҳдуд кардани истифодаи ҳукми қатл истиқбол мекунад. Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пурра аз ҳукми қатл даст кашиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувақатан аз истифодаи ҳукми қатл даст кашида аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






