ҲУКМИ ҚАТЛ БЕКОР МЕШАВАД?

Октябрь 9, 2009 12:02

                  Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар соли 2008 – ум 2390 маҳбус қатл шуда, 8864 нафари дигар бо ҷазои қатл шудан маҳкум гардиданд. Айни ҳол дар 58 давлати ҷаҳон аз ҷазои истисноии қатл шудан нисбат ба маҳкумшудагон истифода бурда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.                   Ҳар сол 10 октябр  дар Аврупо ҳамчун  Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ҳукми қатл қайд карда мешавад. Вобаста ба ин сана Иттиҳоди Аврупо аз ҳамаи давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ки ҷазои қатл нисбат ба маҳкумшудагонро бекор кунанд ва ё ҳадди ақал мувақатан аз истифодаи он даст кашанд.                   Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз қарори давлатҳои Осиёи Марказӣ дар хусуси маҳдуд кардани истифодаи ҳукми қатл истиқбол мекунад. Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пурра аз ҳукми қатл даст кашиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувақатан аз истифодаи ҳукми қатл даст кашида аст.

Октябрь 9, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар