ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҚАФО МЕМОНАД
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати зироатҳои техники Вазорати кишоварзӣ, тибқи дурнамо, соли ҷорӣ ҷамъовари пахта ба 350 ҳазор тонна расонида мешавад. То 12 – уми октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 168 ҳазору 303 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба миқдори 126 ҳазору 258 тонна камтар аст, ки сабаби асосии кам ҷамъоварӣ шудани пахта ин як моҳи тақвимӣ қафомонии кишт мебошад,- мегӯяд сардори сардори раёсати растанипарварии вазорат Саймурод Баҳриддинов. Бо вуҷуди бештар ҷамъоварӣ шудани ҳосили пахта дар вилояти Хатлон (123046 тонна), ҳосили ғундоштаи пахтакорон нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба миқдори 89 ҳазору 876 тонна камтар аст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад ҳамагӣ 3850 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






