ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА МЕАФЗОЯД

Октябрь 1, 2009 09:15

                 Хуҷанд, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерии вилояти Суғд торафт авҷ мегирад. Сардори Раёсати умумии кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев ба Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар миқёси вилоят то 30 сентябр 12 ҳазору 727 тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Конибодом 2,4 ҳазор тонна ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 2,16 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шуд.                  Имрӯз дар пахтазори вилоят бештар аз 44 ҳазор нафар чинакчӣ кор мекунад. 9,2 ҳазор нафари онҳо аз корхонаю муассисаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Чкаловск, Табошар, Исфара ва ғайра сафарбар карда шуданд. Ба чинакчиён ба ивази ҳар килограмм пахта 20 – 25 дирам ҳақ дода мешавад.                   Деҳқонони вилоят имсол дар масоҳати 54 ҳазору 596 гектар замин чигит кориданд. Дар натиҷаи боронҳои тӯлонӣ дар масоҳати қариб 9 ҳазор гектар такроран чигит корида шуд. Дар вилоят соли равон барои пешрафти соҳаи пахтакорӣ 28,7 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.                    Деҳқонони вилоят қарор додаанд, ки имсол 84,1 ҳазор тонна пахта ба даст оранд. Онҳо соли гузашта қариб 89 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда буданд.                     Хоҷагиҳои пахтакори вилоят соли 2008 аз муассисаҳои бонкӣ 52,1 миллион сомонӣ қарз гирифта буданд. Аз ин маблағ то имрӯз 18,2 миллион сомонӣ баргардонида шудааст. Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ мӯҳлати баргардонидани қарзи хоҷагиҳо то моҳи ноябри соли 2009 дароз карда шуд.  

Октябрь 1, 2009 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад