ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА МЕАФЗОЯД
Хуҷанд, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерии вилояти Суғд торафт авҷ мегирад. Сардори Раёсати умумии кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев ба Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар миқёси вилоят то 30 сентябр 12 ҳазору 727 тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Конибодом 2,4 ҳазор тонна ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 2,16 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Имрӯз дар пахтазори вилоят бештар аз 44 ҳазор нафар чинакчӣ кор мекунад. 9,2 ҳазор нафари онҳо аз корхонаю муассисаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Чкаловск, Табошар, Исфара ва ғайра сафарбар карда шуданд. Ба чинакчиён ба ивази ҳар килограмм пахта 20 – 25 дирам ҳақ дода мешавад. Деҳқонони вилоят имсол дар масоҳати 54 ҳазору 596 гектар замин чигит кориданд. Дар натиҷаи боронҳои тӯлонӣ дар масоҳати қариб 9 ҳазор гектар такроран чигит корида шуд. Дар вилоят соли равон барои пешрафти соҳаи пахтакорӣ 28,7 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Деҳқонони вилоят қарор додаанд, ки имсол 84,1 ҳазор тонна пахта ба даст оранд. Онҳо соли гузашта қариб 89 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда буданд. Хоҷагиҳои пахтакори вилоят соли 2008 аз муассисаҳои бонкӣ 52,1 миллион сомонӣ қарз гирифта буданд. Аз ин маблағ то имрӯз 18,2 миллион сомонӣ баргардонида шудааст. Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ мӯҳлати баргардонидани қарзи хоҷагиҳо то моҳи ноябри соли 2009 дароз карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






