ҶАРРОҲӢ БАР ИВАЗИ ПОРА
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд шаҳрванд «Ё» ба Агентӣ муроҷиат намуд, ки духтури ҷарроҳи кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодов Холбозор Кокулович аз вазифаи хизматиаш сӯистифода бурда, барои ҷарроҳии фарзанди шаҳрванд «Ё» аз ӯ ба маблағи 300 доллари ИМА пора талаб намудааст. 14 августи соли 2009 Пӯлодов Х.К. баъди гирифтани маблағи 100 доллари ИМА аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда шуд. Нисбати Пӯлодов Х.К аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаи 324 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан парванда ба суд фиристонида шудааст. Ҳамчунин шаҳрванд «Ҷ» ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат кард, ки директори мактаб — литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муҳиддинов Қутбиддин Фазлидинович, барои қабул намудани ҷияни шаҳрванд «Ҷ» ба синфи 5 — и мактаб-литсейи мазкур аз ӯ маблағи 1500 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе 1 сентябри соли 2009 Муҳиддинов Қ.Ф. дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1300 сомонӣ дастгир карда шуд. Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбат ба Муҳиддинов Қ.Ф парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қ.3 ва 319 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шудааст.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






