ҶММ «УСПЕХ» -И ШАҲРИ САРБАНД АЗ КОР МОНД

Октябрь 5, 2009 11:57

               Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати энергетика ва саноат Тоҷиниссо Азизова, корхонаи клинкербарории ҶММ «Успех» -и шаҳри Сарбанд дар асоси сӯзишвории газӣ сохта шуда буд ва иқтидори истеҳсолиаш дар як шабонарӯз 120 тонна клинкер мебошад, ки барои истеҳсоли семент пешбинӣ шудааст.                Бо сабаби қатъ шудани газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти корхона қатъ карда шуд. Мутахассисон фаъолияти минбаъдаи онро дар асоси сӯзишвории ангишт ба роҳ монданианд. Ҳоло барои овардани таҷҳизоти бо сӯзишворӣ аз ҷумла, ангишт коркунанда миёни корхонаи мазкур ва корхонаҳои печистеҳсолкунандаи Россия ва Украина созишнома ба имзо расонида шудааст.                Мутахассисон боварӣ доранд, ки бо таҷдиди нави корхона ҳам истеҳсолот зиёд мегардад ва ҳам ҷойҳои корӣ бештар хоҳад шуд. Боиси тазаккур аст, ки дар назди корхонаи мазкур корхонаи хиштбарорӣ низ фаъолият дорад. Корхона дорои 30 ҷои корӣ буда, дар 1 сол 8 – 10 млн. дона хишт истеҳсол мекунад.

Октябрь 5, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд