ҶММ «УСПЕХ» -И ШАҲРИ САРБАНД АЗ КОР МОНД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати энергетика ва саноат Тоҷиниссо Азизова, корхонаи клинкербарории ҶММ «Успех» -и шаҳри Сарбанд дар асоси сӯзишвории газӣ сохта шуда буд ва иқтидори истеҳсолиаш дар як шабонарӯз 120 тонна клинкер мебошад, ки барои истеҳсоли семент пешбинӣ шудааст. Бо сабаби қатъ шудани газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти корхона қатъ карда шуд. Мутахассисон фаъолияти минбаъдаи онро дар асоси сӯзишвории ангишт ба роҳ монданианд. Ҳоло барои овардани таҷҳизоти бо сӯзишворӣ аз ҷумла, ангишт коркунанда миёни корхонаи мазкур ва корхонаҳои печистеҳсолкунандаи Россия ва Украина созишнома ба имзо расонида шудааст. Мутахассисон боварӣ доранд, ки бо таҷдиди нави корхона ҳам истеҳсолот зиёд мегардад ва ҳам ҷойҳои корӣ бештар хоҳад шуд. Боиси тазаккур аст, ки дар назди корхонаи мазкур корхонаи хиштбарорӣ низ фаъолият дорад. Корхона дорои 30 ҷои корӣ буда, дар 1 сол 8 – 10 млн. дона хишт истеҳсол мекунад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






