218 ҶИНОЯТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Октябрь 21, 2009 17:06

                Хуҷанд, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Сардори Раёсати Агентӣ оид ба назорат аз болои маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал – майор Файзулло Абдуллоев дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Раёсат қайд кард, ки «Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 218 ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуд. Ниҳодҳои қудратии вилояти Суғд 618 килограмму 152 грамм маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ боздоштананд, ки аз ин шумора 330 килограммашро маводи сахттаъсири героин ташкил мекунад. Дар ҳамин давраи соли гузашта 722 килограмм маводи нашъаовар гирифта шуда буд, ки 311 килограммашро героин ташкил мекард.                  Кормандони раёсат дар давраи ҳисоботӣ 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, ки аз 113 нафар иборат буд, муайян карданд. Умуман, дар ин давра бо ҷурми даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 231 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки аз инҳо се нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд. 

Октябрь 21, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад