460 НАФАР ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ҶАВОБГАР ШУДАНД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тўли ҳафтаи равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ рейдҳои санҷишии «Хориҷиён»-ро гузаронида истодааст. Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, мувофиқи нақшаи гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳудуди бозори «Корвон», маркази савдои «Садбарг» ва корхонаҳои арматурбарорӣ, истгоҳи мошинҳои №2927 амалиёти санҷишӣ гузаронида шуд. Кормандони Хадамоти мазкур бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, аз назар гузаронии мўҳлати буду боши онҳо, мўҳлати бақайдгирӣ ва доштани иҷозатномаи кории шаҳрвандони хориҷиро мавриди санҷиш қарор доданд. Дар натиҷаи амалиёти санҷишӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират 450 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ки аз ин миқдор 400 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳисоб рафта, барои риоя накардани қоидаҳои буду бош ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба 10 нафари онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима дар ҳаҷми 8800 сомонӣ ситонида шудааст ва нисбати 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳури мардумии Чин протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод гардид. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар нўҳ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Хадамоти мазкур теъдоди беш аз 460 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуда, зиёда аз 3383 нафар огоҳонида шудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати ВКД дар ҳаҷми 1 миллиону 22 ҳазору 738 сомон ба буҷаи давлат ворид карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






