460 НАФАР ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ҶАВОБГАР ШУДАНД

Октябрь 5, 2009 15:30

                  Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тўли ҳафтаи равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ рейдҳои санҷишии «Хориҷиён»-ро гузаронида истодааст.                   Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, мувофиқи нақшаи гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳудуди бозори «Корвон», маркази савдои «Садбарг» ва корхонаҳои арматурбарорӣ, истгоҳи мошинҳои №2927 амалиёти санҷишӣ гузаронида шуд.                   Кормандони Хадамоти мазкур бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, аз назар гузаронии мўҳлати буду боши онҳо, мўҳлати бақайдгирӣ ва доштани иҷозатномаи кории шаҳрвандони хориҷиро мавриди санҷиш қарор доданд.                  Дар натиҷаи амалиёти санҷишӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират 450 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ки аз ин миқдор 400 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳисоб рафта, барои риоя накардани қоидаҳои буду бош ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба 10 нафари онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима дар ҳаҷми 8800 сомонӣ ситонида шудааст ва нисбати 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳури мардумии Чин протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод гардид. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар нўҳ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Хадамоти мазкур теъдоди беш аз 460 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуда, зиёда аз 3383 нафар огоҳонида шудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати ВКД дар ҳаҷми 1 миллиону 22 ҳазору 738 сомон ба буҷаи давлат ворид карда шуд.

Октябрь 5, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид