АНҶУМАНИ Х ҲХДТ ДАЪВАТ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). – 24 октябр таҳти роҳбарии Раиси Ҳизби Халқӣ — демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Комиҷроияи ҲХДТ доир гардид. Дар назди иштирокчиён Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд. Ӯ, аз ҷумла, дар бораи омодагӣ ба интихоботи навбатии парлумонӣ, доир намудани интихоботи мазкур дар шароити шаффоф ва озод таъкид намуд. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳамчун Президенти Тоҷикистон ва Раиси ҲХДТ тамоми чораҳоро меандешад, то ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд ва мутобиқи қонун сурат гирад. Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ бояд дар чаҳорчӯбаи Конститутсияи Ҷумҳурӣ амал намуда, маъракаи пешазинтихоботиро бо риояи эҳтиром ва меъёрҳои одобу ахлоқ доир намоянд. Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки анҷумани Х ҲХДТ 26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






