АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲОИ ҶТ БА ИМЗО РАСИДАНД

Октябрь 19, 2009 08:06

                17-уми октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфтаанд ба имзо расиданд, аз ҷумла:               1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок»;               2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани       тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»;               3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»;               4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;               5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009».               Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи онро аз падидаҳои манфӣ муайян намуда, маҷмӯи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамояд.              Мақсади асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии самоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҳангоми азхудкунӣ ва истифодабарии захираҳои электроэнегетикӣ мебошад.                Тағйиру иловаҳое, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ҷиҳати мукаммал намудани қонунҳои амалкунанда ва бо мақсади пешравии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ба меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ гардонидан, равона карда шудаанд.

Октябрь 19, 2009 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд