БАРҚЧИЁН БА ЗИМИСТОН ОМОДА ШУДАНД
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои идораи шабакаи барқи ноҳияи Ҳисор, кормандони соҳа барои тайёр намудани дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ саривақт пешгирӣ ва бартараф намудани садамаҳои техникӣ ва омода намудани системаҳои барқдиҳӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009 – 2010 чораю тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Аз ҷониби кормандони шабакаи барқи ноҳия дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ зеристгоҳи трансформатори 40/10 кВт-аи шаҳраки Ҳисор, зерисгоҳи трансформатории 250/10 кВта дар деҳаи Ноҷии Боло, зеристгоҳи трансформатори 250/10 кВта дар деҳаи Кончӣ гузошта шуда, ҳамчунин 2 адад зеристгоҳи трансформатории тавоноияшон 400/10 кВта дар шаҳраки Ҳисор ба зеристгоҳи трансформатории 160/10 кВта иваз карда шуданд. Дар 20 деҳаи ноҳия трансформаторҳо таъмир капиталӣ карда шуда, барои зимистонгузаронӣ омода карда шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






