БАРНОМАИ ЗИДДИБӮҲРОНӢ
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо назардошти он ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири бевоситаи худро ба бозори меҳнат расонид, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ барномаи зиддибӯҳрониро таҳия намуда, татбиқи онро зина ба зина амалӣ менамояд. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 7 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт таҳия намуд, ки 4 – тои он қабул ва 3 – тоаш дар мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Бо қарори ҳайати мушовараи вазорат аз 11 – уми июни соли 2008 дастуруламалҳо барои ҳама самтҳои татбиқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ (ташкили касбомӯзӣ, корҳои ҷамъиятӣ, таъмини худиштиғолӣ тавассути додани қарзҳои имтиёзнок, ташкили ярмаркаҳо, тайин ва пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ) ба тасвиб расида, мавриди амал қарор гирифтанд. Ин чорабинӣ таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳониро ба вазъи бозори меҳнати кишвар то дараҷае коҳиш дод,- иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ба мухбири АМИТ «Ховар».








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






