БАРНОМАИ ЗИДДИБӮҲРОНӢ

Октябрь 29, 2009 09:23

                 Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо назардошти он ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири бевоситаи худро ба бозори меҳнат расонид, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ барномаи зиддибӯҳрониро таҳия намуда, татбиқи онро зина ба зина амалӣ менамояд.                 Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 7 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт таҳия намуд, ки 4 – тои он қабул ва 3 – тоаш дар мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.                  Бо қарори ҳайати мушовараи вазорат аз 11 – уми июни соли 2008 дастуруламалҳо барои ҳама самтҳои татбиқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ (ташкили касбомӯзӣ, корҳои ҷамъиятӣ, таъмини худиштиғолӣ тавассути додани қарзҳои имтиёзнок, ташкили ярмаркаҳо, тайин ва пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ) ба тасвиб расида, мавриди амал қарор гирифтанд. Ин чорабинӣ таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳониро ба вазъи бозори меҳнати кишвар то дараҷае коҳиш дод,- иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ба мухбири АМИТ «Ховар».    

Октябрь 29, 2009 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд