БОЗДОШТИ ҚОҶОҚЧӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дирӯз дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд С.А. боздошт гардид. Ҳангоми тафтиши шахсии шаҳрванд С.А. аз бадани ӯ 62 халтача бо 400 грамм маводи нашъадори героин бозёфт карда шуд. Номбурда мехост бо хатсайри Душанбе – Самара парвоз карда маводи нашъадори навъи героинро ба Федератсияи Русия интиқол диҳад. Вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода шуда тафтишот идома дорад. Қабл аз ин, С.А. барои даст доштанаш дар гардиши маводи мухаддир дар Федератсияи Русия боздошт шуда ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






